ABNA24: Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тазоҳуроткунандагон дар шаҳри Портландро ба истифода аз «зӯри таҳоҷумии бисёр шадид» таҳдид кард.
Трамп шомгоҳи панҷшанбеи гузашта низ гуфта буд, то замоне, ки амният ва субот ба Портланд боз нагардад, нируҳои амниятӣ ин шаҳрро тарк нахоҳанд кард.
Вай дар сафҳаи Твиттери худ бо ҳамла ба фармондори иёлати Орегон , ки узви ҳизби демократ аст, навишт: «Кейт Браун вазифаи худро анҷом намедиҳад. Ў бояд ошубталабон ва ёғиёнро аз Портланд поксозӣ ва бархе аз онҳоро дастгир кунад. Агар ӯ ин корро анҷом надиҳад, давлати федерал ин корро барояш мекунад. Мо то замоне, ки дар онҷо амният набошад, намеравем».
Муҳаммадалӣ Алҳавсӣ-раиси кумитаи олии инқилоби Яман дар вокуниш ба ин изҳороти Трамп дар сафҳаи Твиттери худ навишт: Суханони ахири Трамп таъкид мекунад, ки номи терроризм абзоре аст, ки давлати Амрико алайҳи тамоми касоне, ки сиёсатҳо ва иқдомоти террористии ин кишварро рад мекунанд, истифода мекунад; ҳатто агар шаҳрванди Амрико бошад; Ҳамон тавре, ки вай дар изҳороти ахири худ бахше аз миллати Амрикоро террорист хондааст.
342/